(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои «Сари баланд» ва «1 Май».Дар Коллеҷи тиббии маркази вилоят мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо сокинони маҳаллаҳои «Сарибаланд» ва «1 Май»  баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Раҷаббой Каримов  ба ҳозирон доири дастовардҳои хоҷагии халқ дар соли 2013 маълумот дода, таъкид намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сипаригашта пур аз воқеаҳои фараҳбахш ва дастовардҳои назаррас буд. Дар баробари ин дар шаҳри Хуҷанд 60 корхонаю муассисаҳои саноатию иқтисодӣ, хизматрасонӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ниятқул Ҳаётов аҳли толорро ба ҷам намудани дастовардҳои соли гузашта даъват намуда, қайд намуд, ки омили асосии тамоми пешравиҳо, ин пеш аз ҳама ваҳдату ягонагии мардум ва ташаббускории бошандагони ҳар маҳал аст.

Аз ҷониби сокинон вобаста ба масалаҳои иваз ва таъмири қубурҳои оби нушокӣ, симчӯбҳои барқӣ, беҳтар намудани сифати шиддати қувваи барқ, ба роҳ мондани хатсайри иловагӣ тавассути кучаи ба номи А Фирдавсӣ, номгузорӣ намудани яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, кумак барои таъмири хонаҳои истиқоматӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораи партовкашонӣ, дархост пешниҳод гардид.

Дар мулоқоти мазкур 12 нафар сокинони маҳаллаҳои номбурда бо 15 дархост ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо сокинони маҳаллаҳои дигари шаҳр тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.