(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сохтмони толорҳои варзиш бо суръат идома дорад.Бо мақсади шиносоӣ аз рафти сохтмон, корҳои ба иҷро расида ва сифати он, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз вазъи бунёди толори варзишгоҳҳои мактабҳои № 27 ва № 17-и шаҳр дидан намуд.

Дар мактаби № 27, 42 нафар омузгорон ба 563 хонандагон таълим медиҳанд Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафту сифати сохтмон қаноатманд гашта, барои боз ҳам беҳтар гаштани шароити толори варзишӣ, сифати баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ барои хонандагон ва омӯзгорон дастур дод. Барои бунёди ин ин толор, 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар мактаби таҳсилоти умумии №17-и шаҳр бошад, 492 муҳассилин таълим мегиранд. Дабистони мазкур низ таи се даҳсола аз набудани толори варзишӣ танқисӣ мекашид.Зимни боздиди худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз рафти корҳои сохтмонӣ, бо омузгорон ва сохтмончиёни Идораи сохтмони асосии шаҳр суҳбати корӣ анҷом дод. Дар ин ҷо низ корҳои сохтмонӣ шуруъ шуда, дар нақша аст,ки то арафаи таҷлили Наврузи соли равон мактаби соҳиби толори варзишии замонавӣ мегардад.