(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шиносоии Раиси шаҳри Хуҷанд  аз  вазъи кудакистонҳо.   Бо мақсади шиносоӣ бо  шароиту имконият ва вазъи таълиму тарбия, Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов аз ду ширхоргоҳ-кудакистони маркази вилоят  дидан намуд.Сараввал  Раҷаббой Каримов   ба   ширхоргоҳ-кудакистони № 6 омад. Дар ин ҷо корҳои охирони тунукапуш намудани бинои ин муассиса рафта истодааст. Раиси шаҳр ба идораи сохтмонии «Шифо»,ки   таъмири боми ин муассисаро ба зимма дорад,бобати сари вақту ба сифат ба иҷро расондани корҳо дастур дод.Дар таълимгоҳи мазкур баъди аз таъмир баромадани як қисми бино, 250 нафар кудакон ба тарбия фаро гирифта шуда, баъди   пурра ба анҷом расидани он, барои қабули боз 60 нафар кудакон имконият пайдо мешавад.Маблағи умумии таъмир 360 ҳазор сомониро ташкил дода, ҳаҷми кор бошад, наздик ду ҳазор метри мукааабро ташкил медиҳад.

Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод,ки то оғози моҳи феврал  корҳои  тунукапуш намудани боми кудакистони мазкур ба анҷом расонда шавад.Дар кудакистони №38 бошад лоиҳаи тунукапуш намудани боми муассисаи мазкур омода гаштааст,ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  баъди шиносоӣ  бо лоиҳаи мазкур, ба мудири Маорифи шаҳри Хуҷанд Акрам Аслонов супориш дод,ки аз моҳи март таъмири боми ин кудакистонро низ оғоз намоянд. Ҳоло 170 метри мукааб боми кудакистони мазкур тунукапуш шуда, боз 320 метри мукааби он боқӣ мондааст.  Ҳамзамон Раҷаббой Каримов  ба сифати тарбия, хуроку ғизои кудакон мароқ зоҳир намуда, аз ҳуҷраҳои хоб,таълим истироҳат ва бозии кудакони ин кудакистонҳо дидан намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд, аз паст будани ҳарорати гармии ҳуҷраҳои номбурда изҳорӣ нигаронӣ намуда, ба мудирони боғчаҳои бачагона эроди ҷиддӣ гирифта   ба масъулони соҳаи маориф дастур дод,ки минбаъд ҳафтае як маротиба гуруҳи корӣ  вазъи шароити  боғчаҳои бачагонаро  аз назар гузаронанд. Зеро имруз барои   зимистонгузаронӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд.Дар баробари ин зикр гардид,ки агар барои харидорӣ намудани маводи ғизоии кудакистону муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд соли 2013 240 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад,соли 2014 барои таъмини маводи хурока  як миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ  шудааст.Раиси шаҳри Хуҷанд  ҳамчунин ба роҳбарияти соҳаи маориф тавсия дод,ки минбаъд марҳила ба марҳила, тамоми кудакистонҳои шаҳр бояд ба низоми гармидиҳии алоҳидаи ангиштӣ гузаронида шаванд.Барои иҷрои супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд  нақшаи иҷроиши он таҳия гардида аз рафти амалишавии он назорат бурда мешавад.