(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

      Корҳои ободкорӣ ва гулшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд  дар соли нав оғоз шуд.Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ободу зебо гардондани маҳалли зист ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд «Соли ободкорӣ ва гулкорӣ» эълон шудааст. Бо мақсади ифтитоҳ бахшидан ба корҳои ободкорӣ ва гулкорӣ дар соли нави фарорасида, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, имруз дар гулгашти маҷмааи фаввораҳои пайкараи Исмоили Сомонӣ буттаҳои гули «Бресклет» шинонд. Дар мавзеи мазкур, ки ҷойи асосии истироҳату сайругашти сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд аст, 40 дона буттаҳои гули номбурда шинонда мешаванд. Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд ба шоҳроҳи даромадгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки маркази вилоятро бо хоҷагии ҷамоавии ба номи С. Урунхӯҷаеви ноҳияи Б. Ғафуров мепайвандад, омада ба корҳои гулкорӣ оғоз бахшид. Дар ин минтақа бошад то маҳаллаи «Бофанда»  100 адад «Ёси ҳиндӣ» «Канаи сурх» ва «Садбарги сафед»Корҳои ободкорӣ ва гулшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд  дар соли нав оғоз шуд. шинонда хоҳад шуд. Раҷаббой Каримов ба масъулини идораи ободонӣ ва кабудизоркунӣ дастур дод, то барои комилан нашъунамоёбии гулу гулбуттаҳо, тамоми талаботи парвариши ниҳолҳоро риоя намоянд.

Пешбинӣ мешавад, ки соли равон  дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо гулгашту пайроҳаҳои шаҳр гулу гулбуттаҳо бо тарҳу ориши дигар ороиш дода хоҳанд шуд.

Умуман, соли 2014, шаҳри Хуҷандро зиёда аз 1 миллион гулу гулбуттаҳои навъҳои гуногун оро хоҳанд дод. Идораи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Гулафшон» то мавсими баҳор вазифадор шудаанд, ки барои амалӣ гаштани нақшаи мазкур парвариши гулу гулбутаҳоро вобаста ба мавсими гулшинонӣ омода намоянд.