(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Пешвози соли нави 180 нафар кудакон бо Раиси шаҳри ХуҷандЧорабиниҳои солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва муовини Раиси вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова дар чорабиниии солинавии кудакону наврасони ятиммонда ва аз оилаи ниёзманд ширкат доштанд. Дар оғоз Раҷаббой Каримов ҳамаи ҳозиронро бо соли нави мелодӣ табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд,ки бо донишу рафтори намуна байни ҳамсолони худ онҳо ҳамеша пешсаф хоҳанд буд. Зеро ташкилоту муассисаҳои шаҳру вилоят талоши онро доранд,ки барои таълиму тарбияи онҳо тамоми шароитҳо муҳайё бошад.

Дар навбати худ муовини Раиси вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова ба ҳамаи наврасон ва волидайни онҳо соли нави бобарор орзу намуд.

Дар чорабинӣ 180 нафар кудакону наврасон аз оилаҳои ниёзманд ҳузур доштанд,ки аз онҳо 43 нафарашон ятим ҳастанд.

Ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои солинавӣ супорида шуда, ба 43 нафар кудакону наврасони аз волидайн маҳрум монда дафтарчаи амонатӣ супорида шуд.

Бахши фарҳанги мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд намоиши консертӣ пешкаш намуд.