(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи ба номи «Содирхон Ҳофиз»Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов вохурии худро бо кумаки якдафъаинаи маводи хурока аз аёдати чанде аз сокинони маҳаллаи ба номи «Содирхон Ҳофиз» шуруъ намуд.

Абдуғаффорова Тутӣ соҳиби се фарзанд буда, айни ҳол бесаробон, танҳо кудаконашро тарбия менамояд. Раҷаббой  Каримов ба масъулон бобати таъмини саривақтии кудакони мавсуф бо либоси гарм, назорати таҳсили онҳо дастур дод.

Ҳамзамон чунин кумакро Раиси шаҳри Хуҷанд ҳини аёдат аз ҳоли ба маюби гуруҳи дуюм, Мумин Ҳусейнов, оилаи бесаробонмонда Дилором Расулова, Мавзуна Зиёева ва Абдулло Мирмуллоев низ расонд.

Ҳамаи аёдатшудагонро Раиси шаҳри Хуҷанд аз номи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо фарорасии соли нав табрик намуда, таъкид намуд, ки онхо ҳеҷ гоҳ аз мадди назари роҳбарияти шаҳр берун нахоҳанд монд.

Дар ҷойи вохурии Раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаи ба номи «Содирхон Ҳофиз»- мактабиРаиси шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи ба номи «Содирхон Ҳофиз» таҳсилоти ҳамагонии №15 шаҳри Хуҷанд, ду нафар хонандагони ятими мактаби мазкур, Мафтуна Самадова ва Рухшона Бурхоноваро бо соли нав табрик намуда, ба онҳо дафтарчаи амонати бо маблағ ва либоси гарм  супорид.

Дар вохурии сокинон бошад, 18 нафар бошандагони маҳаллаи номбурда дар ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи маҳалли зисти худ, ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат  намуданд.  Масъулони соҳаи марбута муваззаф гардиданд то дар муҳлати муқарраргардида мушкилоти мардумро ҳал намоянд.