(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҷамбасти кори комиссияи даъват бо иштироки Раиси шаҳри ХуҷандИмруз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷаласаи ҷамбастии комиссияи даъвати тирамоҳии соли 2013 ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси комисияи даъват, Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов доири натиҷаҳои даъвати мазкур ба ҳозирон ахборот дод.

Мавсуф қайд намуд,ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 13 сентябри соли равон, №514 комиссияи даъват ба кор шуруъ намуда, аввалин 30 нафар ҷавонписарони синни даъватиро 03 октябр ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуд. Аз аввалинҳо шуда маҳаллаи ба номи «Ҷ. Расулов» нақшаи даъватро иҷро намуд.

Дар байни даъватшудагон 54 нафар маълумоти олӣ дошта, 7 нафари онҳо аз оилаи шахсони мансабдори давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Иброҳим Иброҳимов илова намуд,ки имсол аз ҷиҳати сифати фаъолият ва низоми кори комиссияи даъват, нисбати солҳои қаблӣ намунаи ибрат буд. Маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов,ки худ дар кори комиссияи даъват чанд маротиба иштироки бевосита дошт ва ҳамзамон  рафти даъватро зери назорат гирифта буд, иҷроиши нақшаи даъватро   сари вақт таъмин намуд. Дар баробари ин тибқи қарори номбурда аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид,ки он низ барои фаъолияти самараноки комиссияи даъват мусоидат намуд. Бинобар он омилҳои номбурда ба он овард,ки нақшаи даъват тирамоҳии имсола нисбати соли гузашта барвақт,- 15 руз пеш аз муҳлати  муқаррар гардида, иҷро гардид.

Раиси комиссияи даъват Иброҳим Иброҳимов Сипосномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов барои сари вақт ва бо сифат ба иҷро расондани нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2013, бо тантана супорид.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба аъзоёни комиссия, кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ, раисони маҳалла изҳори сипос  намуда, таъкид намуд,ки барои бартараф намудани камбудихое,ки имсол ба чашм расиданд,бояд то оғози даъвати баҳорона бартараф намуда, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар кушиш намоянд.

Дар ниҳоят Раҷаббой Каримов ба аъзоёни комиссияи даъват,чанде аз раисони маҳалла, кормандони масъули шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Сипоснома  ва тӯҳфаҳои хоиравӣ супорид.