(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДавоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд дар самти тақвияти иқтидори соҳаи саноати кишвар тадбирҳо андешида шуд, ки дар натиҷа теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна ба 164 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11 адад афзудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба миқдори 844,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,9 млн. сомонӣ, ё 13,0 дар сад афзудааст.

Дар шаҳр 73 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 45 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 11 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 146,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳачми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 17,6 млн. сомонӣ ё 13,6 дар сад зиёд шудааст.

Инчунин аз ҷониби 45 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 233,7млн. сомонӣ истеҳсол гардид.

Барои рушди бемайлони соҳаи саноат иҷрои Барномаҳои давлатии дар ин самт қабулгардида аҳамияти хоса дошта, иҷроиши нишондиҳандаҳои ин соҳа таҳти назорати доимӣ қарор дорад. «Барномаи коркарди нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2017» ба ин мисол шуда, мувофиқи талаботи он дар давраи ҳисоботӣ 6 корхонаҳои саноатии шаҳр бо коркарди нахи пахта фаъолият намуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ин корхонаҳо ба миқдори 1586,5 тонна нахи пахта коркард карда шудааст.

Дар шаҳр ягона корхонаи коркарди пилла ҶДММ КМ “ВТ Силк” маҳсуб ёфта, дар ин марҳила аз тарафи ин коргоҳ ба маблағи 62,02 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Коргоҳ бо шаҳру ноҳияҳои бо кирмакпарварӣ машғулбудаи вилоят аз ҳосили нави пилла шартнома баста фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи ба ҶДММ КМ “ВТ Силк” ворид шудани пилла ҳамчун ашёи хоми маҳаллӣ дар навбати худ фаъолияти ҶДММ “Атласи Хуҷанд” ҳам вусъат ёфта истодааст. Самти адрасбофӣ бошад, ҳоло ривоҷу равнақ ёфта, бо талаботи мавҷуда истеҳсол карда шуда истодааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд