(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Чорабиниҳои солинавии Хуҷанд оғоз гардидандТибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз санаи 15 декабр, дар маркази вилоят чорабиниҳои солинавӣ оғоз гардиданд.

Ҳамарӯза, то санаи 31 декабр, соати 13 00, дар майдони ба номи К. Хуҷандӣ намоиши адабӣ-мусиқии солинавӣ баргузор мегардад.

Дар он ҳунармандони шинохта, истеъдодҳои ҷавон, устодони санъати вилоят, гуруҳҳои ҳунарии муассисаҳои талимӣ  бо барномаҳои солинавии худ баромад хоҳанд кард.

Консерти калон ва намоиши солинавӣ дар рузи охирони соли сипаригаштаистода,санаи 31 декабр барои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд пешкаш мегардад.

Ҳамзамон барои баромади беҳтарини солинавии ташкилоту муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсуси шаҳр озмун эълон гаштааст.  Аъзои ҳакамон аз 9 нафар иборат буда, соҳибони се ҷойи авали ифтихорӣ бо туҳфаҳои арзишманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ хоҳанд шуд. Барои ҳамаи иштирокдорони намоишҳои солинавӣ бошад туҳфаҳои хотиравӣ супорида хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар чунин озмун, соли гузашта Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҷойи аввалро ишғол намуда буд.