(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз маросими видоъ бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар маҳалли зисташ баргузор шуд.

Маросими видоъ бо шоир бо ҳузури садҳо нафар дӯстону пайвандон, аҳли зиё, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва алоқамандони шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ сурат гирифт ва номаи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода ба самъи пайвандони марҳум расонид.

Таъкид шуд, ки Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз кардаву дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонид. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз мебахшад. Нурмуҳаммад Ниёзӣ сипас дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтавори «Маданияти Тоҷикистон» ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи суғди Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд будааст. Барои китоби шеърҳои «Аз ҳама дур» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Марҳум муаллифи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғайра мебошад. Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёти муосир бо ордени «Шараф» (2004) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2012) қадршиносӣ шудааст.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Муъминҷон Орифӣ арзи тасаллияти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба наздикону пайвандони Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва алоқамандони шеъри ӯ расонид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шоири халқии Тоҷикистон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ вориси арзандаи устодони бузурги адабиёти мусоири тоҷик маҳсуб меёфтанд. Ин суханвари мумтоз тавонист, ки дар замони камолоти ҳунарии шоирону қаламкашони машҳури давр худро ба унвони нигорандаи тозапардозу тозаэҷод маълум созад. Мо аз он шарафманд будем, ки бо ин гавҳари пурқимати шеъру сухан, шоири маъниҳои барҷаста, суханвари мумтоз, адиби соҳибмактаб ва чеҳраи маъруфи адабиёти оламшумули адабиёти тоҷику форс Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамзамон будем. Устод ҳамчун шахси номвар яке аз адибони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар рушди адабиёти муосир нақши бузург доштанд. Бо асарҳои пурмазмун ва ҷолибу тозаэҷоди худ дар дили ҳазорҳо хонандагону шогирдон ҷо гирифтаанд. Хотираи неки ин инсонони соҳибдилу сарсупурдаи миллат дар дилу ёди мардуми Хуҷандшаҳр абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд