(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №28 чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Муаллим –оинаи халқ» бо ташаббуси муовини директор оид ба тарбия Замира Маҳмудова бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.

Хонандагон дар васи омӯзгор шеъру таронаҳо саройида онро васф намуданд. Таъкид шуд, ки муаллим, омузгор — вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омузандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Муаллимро оинаи халқ мегуянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомузест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Дар анҷоми чорабинӣ директори МТМУ №28 Роҳат Воҳидова барои ташкили чунин чорабинӣ арзи миннатдорӣ баён сохта, зикр намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои рушди камолот ва тарбияи хонандагон мусоидат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд