(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конфронси илмию адабӣ таҳти унвони «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ» доир гардид.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илм ва иноватсияи донишгоҳ профессор Хайрулло Сабуров суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамасола рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосае қайд карда мешавад. Баъдан аҳли нишастро бо муҳтавои барномаи конфронс ошно намуда, сухани аввалро ба мудири кафедраи забони тоҷикӣ Ҳасанзода Абдуҷамол вогузошт. Ҳасанзода А. таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шоири нодирагуфтор» маърўзаи илмӣ намуд. Дар гузориши хеш профессор Ҳасанзода А. аз вижагиҳои хоси забони «Маснавии маънавӣ» ёдрас гардида, бо овардани мисолҳо аз осори гаронбаҳои Мавлоно андешаҳои худро тақвият бахшид.

Дар идома дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуров Н. таҳти унвони «Мулоҳизаҳо оид ба мазори пири Мавлоно дар Тоҷикистон» маърўза намуд. Дотсент Нуров Н. дар оѓоз навореро, ки дар он суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   соли 2010  дар мазори мансуб ба Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ дарҷ гардида буд, пешкаши аҳли нишаст карданд. Зимни суханронии хеш бо далелҳои бисёре дотсент Нуров Н. қайд намуд, ки ҳарчанд аҳли таҳқиқ бар ин назаранд, ки дар шаҳрҳои Қунияи Туркия, Табрези Эрон,, Ғазнини Афғонистон, Мултони Покистон  мазори Шамси Табрезӣ вуҷуд дорад, аммо ҳанӯзм ҳеҷ кадоме  бо далелҳои қотеъ собит нашудаанд ва дар мавриди онҳо олимон шаку гумонҳое изҳор намудаанд. Аз ин рў, дар замони Шўравӣ ин мазори Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб аз назарҳо дур мондааст. Агар олимони мазкур дар ин маврид иттилое медоштанд, ба эҳтимоли зиёд мутмаин мешуданд, ки мазори аслии Шамси Табрезӣ дар ҳамин деҳа қарор дорад,ки омилҳои зиёде барои шарҳу тафсири ин назар мавҷуд аст.

Пас аз суханрони илмии устодон дар бахши дуюми конфронс донишҷўён аз факултети филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ аз ашъори Мавлоно шеърҳо қироат намуданд. Дар идома донишҷўён аз факултети санъат аз ашъори Мавлоно Балхӣ бо навои классикӣ манзури тамошобинон намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд