(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои гулкорӣВобаста ба супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ободу зебо гардондани маҳалли зист ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, бо мақсади шинос шудан ба корҳои омодагӣ ба мавсими фасли баҳори соли оянда, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз идораи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Гулафшон» дидан намуд.

Масоҳати ин мавзеъ панҷ гектарро ташкил намуда, дар ин ҷо 12 намуди гулҳои гуногун парвариш карда мешавад. Ҳоло гулкорони ин ташкилотҳо дар гармхонаҳои коргоҳ гулу ниҳолҳои ороишӣ, навҳои гуногуни дарахтони сузанбаргро парвариш намуда, ба мавсими гулкорӣ ва ниҳолшинонӣ омода менамоянд.Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки соли оянда бо дастгирии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд «Соли ободкорӣ ва гулкорӣ» эълон шудааст. Бинобар он аз роҳбарони ин муассисаҳо талаб намуд, ки бобати парвариш намудани навъҳои гуногуни гулҳои нав ба нави ороишӣ чораҳои мушаххас андешанд. Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов дастур дод, ки то соли оянда парваришу шинондани гули лола дар гулгашту хиёбонҳои маркази шаҳр ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон ташкили нуқтаҳои гулфурушӣ дар шаҳр зикр гардид. Лозим ба ёдоварист, ки ин муассисаҳои кабудизоркунӣ тамоми шаҳру ноҳияи вилоятро тибқи дархост бо гулу ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз таъмин менамояд.