(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 24-уми сентябри соли равон иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар Иҷлосия асосан як масъала «Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳамчунин дар иҷлосия аз ҷониби вакилон ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35 тасдиқ гардида, ҳисоботи комиссияи доимии ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, масоили номгузорӣ, қарорҳои Раиси шаҳр ва ғайра мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор мегиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд