(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» рӯзи якшанбе, 16-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 3000 тамошобин баргузор шуд.

Бояд қайд намуд, ки дастаи «Хуҷанд», ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими «Барқчӣ» -и Ҳисор аз рӯи силсилаи пеналтӣ пирӯз шуд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.Аз ин пеш дар бозии аввал, ки 23-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид, «Хуҷанд» бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд. Ин дафъа замони асосии бозӣ бо пирӯзии футболбозони «Барқчӣ» бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 30-юм ва Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 31-ум ба самар расонданд. Замони изофӣ бидуни гол ба поён расид. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ «Хуҷанд» маҳорати хуб зоҳир кард ва бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ҳамакнун «Хуҷанд» дар нимфинал бо ғолиби ҷуфти “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - «Хатлон»-и Бохтар рақобат мекунад. Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Душанбе-83» ва “Истиқлол”-и Душанбе сурат мегирад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд