(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Накиёти шаҳри Хуҷанд ба зимистон омода мешавад

Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрузҳо бо мақсади фароҳам овардани шароиту имкониятҳои зарурӣ барои бе душворӣ гузаронидани мавсими зимистони 2013-2014 ва дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо кормандони соҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ вобаста ба омодагии хатсайрҳои Хуҷанд ба зимистон мулоқот анҷом дод. Алҳол дар шахри Хучанд зиёда аз 600 микроавтобусхои дохилишахри ба мусофирон хизмат мерасонанд. Бино ба иттилои Ғафур Дадоҷонов, мудири шуъбаи нақлиёт ва алоқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Хуҷанд корҳои  асосии омодагӣ ба зимистон ба охир расидааст.Ба масъулини хатсайрхо супориш дода шуд ки ҳолати техникии микроавтобусҳо зери назорати қатъӣ гирифта шавад то, ки дар фасли сармо мардум аз камбудии нақлиёти мусофиркаш азият накашанд. Ҳарчанд имруз дар Хуҷанд зиёда аз 35-нуқтаи фуруши гази моеъ фаъолият баранд ҳам, ронандагон аз гарон будани нархи он  изҳори нигаронӣ карданд. Ронандагон мегуянд, имруз 1-литр гази моеъ дар нуқтаҳои фуруш 3 сомонию 40 дирам арзиш дорад, ки чунин арзиш хароҷоти онҳоро ба пуррагӣ руйпуш карда наметавонад

Ҳамчунин дар ин ҷамъомад таъкид гашт,ки бояд ҳамаи ронандагон ба резинаҳо, оинатозакунакҳо восиатаҳои гармидихии нақлиётҳо аҳамияти ҷиддӣ диханд

Лозим ба ёдоварист,ки барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ беш аз 100-тоннна  гази моеъ ва маводи зидди лағжиш захира карда шудааст.

Ҳамчунин Раҷаббой Каримов ба роҳбарони хатсайрҳо вазифадор намуд, ки давоми як ҳафта, ронандагон бо либоси ягона таъмин шуда, сатҳу сифатаи хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар карда шавад.