(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар як ҷаласаи корӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мудини тозатаъини бахши манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳрро муаррифӣ намуд.

Ҳамин тавр, мутобиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 31 –уми августи соли равон Ғайрат Ишонқулов ба мансаби мудири бахши манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Дусматов аз 30 августи соли равон ба мансаби сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд таъин гардиданд.

Ғайрат Ишонқулов қаблан дар вазифаи  мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта,  Азиз Дусматов дар Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд кор мекард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифии кадрҳои тозатаъин, аз эшон даъват ба амал овард, ки баҳри содиқона хизмат намудан ба халқу миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо саҳмгузорӣ ба ободонию созандагӣ дар шаҳр саъю талош варзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд