(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд машваратӣ корӣ доир намудМаҷлиси дастгоҳи шаҳр бо сарварии Раиси шаҳр  Раҷаббой Каримов сурат гирифт.

Раиси шаҳр онро аз шарҳи нақшаи соли 2014-ум пешбинӣ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Мақомомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд оғоз намуд ва арз дошт, ки масъулин бояд ба ободонии  шаҳр, гулзор намудани кӯчаю хиёбонҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд даромади маркази вилоят аз мавзеи «Ором» маҳаллаҳои Чумчуқарал, 12 ,8-ум кучаҳо чароғон карда хоҳанд шуд.

Раёсати ободонӣ якҷоя бо ҳифзи муҳити зист нақшаи ниҳолшинониро то даҳаи охири моҳи декабр ба раёсати шаҳр пешниҳод намуда, 300 ҳазор дона гул ва ниҳолҳои cояафкан то моҳи апрели соли 2014-ум дар замини пешакӣ бояд омода шаванд.

Ҳамзамон, дар маҷлис ба ҳама соҳаи ҳаётан муҳими мақомоти иxроияи шаҳр, аз ҷумла, ба соҳаи саноат супориш дод, ки нақшаи бунёд намудани корхонаҳои навро дар минтақаи озоди иқтисодӣ дар муддати кӯтоҳтарин омода намоянд, ба раёсати ободонӣ супориш шуд, ки дар кӯчаҳои шаҳр 1300 адад қутти партов гузошта шавад, масъули яке аз нахустин боғҳои шаҳр Боғи Камоли Хуҷандро зарур шуморид,ки онро обод ва атрофашро тозаву сабз намояд, масъулини Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд вазифадор шуданд, ки фурӯшандагони молу маводи атрофи бозори Панҷшанбе ва Регистони Масҷиди ҷомеъро ба дохили бозор ҷойгир намоянд ва марҳила ба марҳила бозорро ба минтақаи озоди иқтисодӣ кӯчонанд, масъулини идеологии шаҳрро вазифадор намуд, ки чун ҳамеша аз табриягирандагони кудакистонҳо сар карда, то калонсолон набояд аз таваҷҷӯҳ дур монанд ва барои дар амал татбиқ кардани сиёсати маърифатпарваронаи давлат якҷо бо мақомоти иҷроия фаъолият намоянд, масъулини кумитаи замин, шаҳрсозӣ ва манзилро вазифадор намудуд, ки лоиҳаҳои маҳаллаҳои навбунёди шаҳрро барои сокинон муаррифӣ намоянд.

Ба масъулони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дода шуд,ки нисбати иҷроиш ва назорати қарорҳои раиси шаҳр назоратро пурзур намоянд.