(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба номи Ғайбуллоҷон Раҳматуллоеви шаҳр ҳозир шуда, хонандагон ва омӯзгорони ин дабистонро бо Рӯзи дониш табрику таҳният намуд.

Маъруф Муҳаммадзода зимни табрикоти худ таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Бо шарофати ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат давоми 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон дар шаҳри Хуҷанд 8 мактабҳои давлатӣ, 11 хусусӣ ва 11 кӯдакистонҳои наву замонавӣ ифтитоҳ гардиданд, ки дар бунёди ин иншоотҳо саҳми соҳибкорони саховатманд низ назаррасанд.

altИттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи маориф дар асоси нақшаи чораби-ниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёд-корӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз он ҷумла, сохтмони мактаб-гимназияи №1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ идома дошта, то охири соли 2018 ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур аз 3-ошёна ва 33 синфхона иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Алҳол сохтмони ҳавзи шиноварӣ дар назди муассисаи давлатии “Мактаб барои хонандагони болаёқат”-и шаҳр оғоз гардидааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмиру азнавсозии биноҳои муассисаҳои маориф бошад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо мусоидати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва 16-и шаҳр аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва саҳми хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд. Ҳамзамон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба номи Ғайбуллоҷон Раҳматуллоев пурра таъмир карда шуда, кабинети фанни химия бо таҷҳизоти лабораториаш ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Барои истироҳати хуби кӯдакону наврасон истироҳатгоҳи “Парвоз”и назди шӯъбаи маорифи шаҳр бо харҷи беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ аз таъмир бароварда шуд. Урдугоҳ дар мавсими имсола зиёда аз 450 нафар наврасонро ба фароғату истироҳати тобистона  фаро гирифт.

Дар поёни суханронии худ Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳамчун анъана Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд.

Сипас, хонандагон дар васфи Ватан, миллат сулҳ шеърҳо қироат намуданд. Роҳбарияти мактаб аз ин таваҷҷуҳи Раиси шаҳр миннатдорӣ баён сохта, таъкид дошт, ки хонандагонро бо донишу хониши намунавӣ ба камол расонида, баҳри ободоии Ватан саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба номи Ғайбуллоҷон Раҳматуллоеви шаҳр туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

altБаъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз синфхонаҳои таълимӣ ва фаннӣ боздид намуд. Маълум гардид, ки дар муассиса 5 адад кабинетҳои фаннӣ, аз қабили кабинети химия, физика, технологияҳои иттилоотӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ва суруду мусиқӣ мебошад, ки соли ҷорӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд.

Дар муассиса барои сайқал додани дониш ва бархурдор шудани хонандагон аз технологияи муосир шароити муосид фароҳам оварда шудааст. Муассиса ба шабакаи интернет пайваст буда, дорои 2 тахтаи электронӣ, 36 компутерҳои замонавӣ ва 6 адад видеопроектор мебошад.

Зимни боздид аз синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода хонандагонро ба дӯст доштани ватану миллат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ даъват намуд.

Дар ҷараёни боздид аз толори варзишии муассиса иттилоъ дода шуд, ки он мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, барои машқу тамрин ва гузаронидани дарсу мусобиқаҳо омода шудааст.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар толори азнавсозишудаи барҳавои муассиса бо хонандагону омӯзгорон суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатиии тиббии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи донишро тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

Бояд қайд намуд, ки  дар соли таҳсили 2018-2019 ба муасссаҳои таълимии соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд зиёда аз 38 ҳазор нафар хонандагон дар 47 макотибу литсею гимназия фаро гирифта мешавад, ки аз онҳо беш аз 3000 нафарашонро хонандагони синфи якум ташкил медиҳанд ва 2360 нафар омӯзгорон ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд