(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДар муассисаи давлатии таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Нахуст, Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд дар мавзуъи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маорифи кишвар» маърӯза карда, аз дастовардҳои муҳими соҳа ва саҳми Пешвои миллат дар такомули он андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон бо суръати тамом рў ба пешрафту тараққӣ ниҳода, ба пешрафту комёбиҳои зиёде ноил гардид.

Дар музокира сарвари литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Моҳира Азимова, омӯзгори мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Парвиз Олимов баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода назди ҳозирин маърӯза намуда, аз ҷумла зикр дошт,ки « Сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар баробари рушди дигар соҳаҳо дастовардҳо дар соҳаи маориф тайи солҳои охир хеле назаррасанд. Маҳз натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки имрўз хонандагони мактабҳои мо дар Олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, эътироф ва қадрдонӣ карда мешаванд. Ин ҳама натиҷаи заҳмати холисонаи омўзгорон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли таҳсили 2017-2018 дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои дақиқ барои синфҳои 5-8 аз фанҳои математика, химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ 93 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 51 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 14 нафар хонандагони синфҳои 5-8 иштирок намуда, барои гирифтани 10 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар умум дастаи мактаббачагони шаҳр (хонандагони синфҳои 6-11) дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 87 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, 31 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, 7 нафар соҳиби медали тилло, 9 нафар соҳиби медали нуқра ва 15 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад. 60 нафар хонандагон бошанд, ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр, 6 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ сарфароз гаштанд. Дар озмунҳои байналхалқии лоиҳасозие, ки дар кишварҳои Малайзия, Тайван, Руминия, Амрико ва Қазоқистон аз фанҳои математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ ва биология моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, 24 нафар толибилмони литсей барои хонандагони болаёқат иштирок намуда, 3 нафар ба гирифтани медали тилло, 6 нафар медали нуқра ва 15 нафар ба медали биринҷӣ ноил гардиданд. Инчунин, дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия олимпиадаи минтақавии “Золотая середина” доир гардида, 4 нафар хонандагон аз мактаби хусусии Ирфон ба гирифтани медали тилло сазовор гаштанд.

Таъкид шуд, ки дар соли таҳсили 2017-2018 - 8 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанни арифметикаи зеҳнӣ, ки дар кишвари Миср баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, 1 нафар барои гирифтани шоҳҷоизаи олимпиада, 2 нафар барои гирифтани ҷои аввал, 1 нафар ҷои дуюм, 4 нафар ба ҷои сеюм сазовор шуданд. Хонандаи синфи 6-и мактаби хусусии “Гулчини маърифат” аз фанни забони англисӣ дар кишвари Италия ва хонандаи синфи 9-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳр аз фанни математика дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар кишвари Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори медали тилло гаштанд. Олимпиадаи байналмилалӣ – фосилавӣ аз фанни математика, ки дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳр баргузор гардид, беш 435 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 84 нафар хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 23 нафар медали тилло, 21 нафар медали нуқра ва 40 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Боыимонда хонандагон бо шаьодатномаи иштирокчии олимпиадаи фосилавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо 63 нафар сазовори ҷои ифтихорӣ, аз ҷумла 18 нафар ҷои аввал, 9 нафар ҷои дуюм, 6 нафар ҷои сеюм гардиданд. Ҳамчунин, 13 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 17 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд. Дар озмуни вилоятии “Техникони наврас” 7 нафар ғолибони озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, 3 нафар сазовори ҷои якум ва 2 нафар ҷои дуюм гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ аз 11 нафар хатмкунандагонимуассисаҳои таълимӣ, ки мактабро бо медали тиллою нуқра хатм намуданд, 6 нафарашон хатмкунандагони Литсейи №1-и ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошанд. 2 нафарашон бо медали тилло ва 4 нафар бо медали нуқра ва 3 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии №19, гимназияи №24 ва гимназияи Гёте бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Ба таъкиди Раиси шаҳри Хуҷанд зинаи аввали таълиму тарбия аз кўдакистон оғоз мегардад ва тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ фармудаанд: «Ҳар фарде, ки имрўз ояндаи Ватан ва миллат барояш азиз аст, бояд дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб ва дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ ба камол расонидани насли наврас саҳми муносиб гузорад».

Дар ин ҷода муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд оид ба рушд ва пешрафти корҳои таълиму тарбияи кўдакон як зумра корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, баҳри сиҳативу саломатӣ, хушзеҳниву соҳибақлӣ, ватандўстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли хурдсол ҳамаҷониба чораҳои зарурӣ меандешанд.

Иттилоъ дода шуд, ки миқдори умумии кўдакон дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр 9305 нафар буда, теъдоди кўдакон дар муассисаҳои томактабии хусусӣ 837 нафар ва дар маҷмўъ 42,5 фоизи кўдакони томактабиро ташкил медиҳанд. Соли ҷорӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи эълон гардидани 1300 Рўзи ободонию созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр боғчаи бачагонаи №28 ва дар маҳаллаи Суғдиёну Сари баландии шаҳр кўдакистонҳои хусусӣ бо усули муосир сохта ба истифода дода шуданд. Азнавсозии боғчаи бачагонаи № 3 ҷараён дошта, рӯзҳои наздик сохтмони бинои гимназияи №1 анҷом мепазирад.

Маъруф Муҳаммадзода тақвият бахшидани равобити оилаву мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд муҳим дониста, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ва ғайра василаи асосии таъсиррасонӣ арзёбӣ намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки ба насли навраси имрўза бояд омўзгорон ва аҳли ҷомеа ҳамеша як масъалаи муҳимро хотирнишон созанд, ки ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан - модар, дўст доштани сарзамини муқаддасамон - Тоҷикистони биҳиштосо омилҳое мебошанд, ки барои пойдории давлати соҳибихтиёр ва зиндагии хушбахтонаву рўзгори хуррами наслҳои имрўзу оянда замина фароҳам меоваранд. Аз ин рў, рисолати имрўзаи мову Шумо - омўзгорони азизу арҷманд аз он иборат аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир тамоми донишу таҷриба ва хираду заковатамонро бояд танҳо барои донишандўзии насли наврас ва ободии Ватани маҳбубамон равона созем.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ аз хидматҳои як қатор омӯзгорони пешқадам ёдоварӣ намуда, эшонро мояи ифтихор ва сарфарозии аҳли маорифи шаҳр дониста, аз ҷумла зикр дошт, ки “Дар ин рўзи хотирмону хурсандибахш мо бо эҳтиром номи як қатор омўзгорони эҷодкору заҳматқарини шаҳрамон амсоли Муҳаммад Зарипов, Муқим Воҳидов, Раҳим Боқиев, Зебо Аминова, Мавлуда Ғаниева, Нигора Ҷўраева, Зайнура Шокирова, Ҳусейн Очилов, Моҳира Азимова, Мўъминҷон Иброҳимов, Тоҳирҷон Рўзибоев, Матлуба Мирзохонова, Ҷамила Қорибобоева, Ҷўрабой Бобоҷонов, Сафия Мустаева, Маърифат Ризоева, Шаҳноза Ҳасановаро бо ифтихор ба забон меорем, ки на танҳо дар миқёси шаҳру вилоят, балки дар тамоми ҷумҳурӣ маъруфу машҳур гардидаанд. Мо сокинони шаҳри Хуҷанд шоду сарфароз аз он ҳастем, ки як зумра собиқадорони соҳа ба мисли Наима Мўъминова, Муқаддам Юсупова, Фотима Самадова, Роҳатхон Тўрабекова, Абдумавлон Юсупов, Шарифҷон Болтуев, Муин Юсупов, Шамсия Бойматова, Биинобат Маҳмудова, Шавкат Алиев, Саидмухтор Ҷалолов ва дигарон дар ҷодаи инсонсозию миллатпарварӣ раҳнамою раҳкушои мо ворисонашон ҳастанд.

Сипас, муовини сардори идораи маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов баромад намуд. Дар анҷоми чорабинӣ муроҷиатномаи иштирокдорони машварати августии корамндони соҳаи маориф ироа гардид.

Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба як қатор фаъолони соҳа ва собиқадорон тӯҳфа ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

Барномаи фарҳангии тарбиятгирандагони муассиссаҳои томактабӣ ва муҳассилини макотиби миёнаи ҳамагонии шаҳр табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд