(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар чойхонаи «Сари санг»-и маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила ва эмин мондан аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ бо духтурони марказҳои саломатии шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд воҳӯриро оғоз бахшида, онро масоили мубрами рӯз унвон намуд.

Сипас, духтури калони оилавии маркази саломатии №1 Шафоат  Ғафурова дар баромади худ оид ба пешгирии бемории сироятии ВНМО (Вич Спид) маълумот дода, аз одами гирифторшуда роҳу усули ба шахси солим гузаштани беморӣ маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ин самт эҳтиёткориро пеша намоянд.Зикр шуд, ки бемории мазкур асосан ба василаи алоқаи ҷинсӣ, кандани дандон, истифодаи сӯзандориҳои бемор, ба воситаи хун ва ғайра ба шахси дигар  интиқол меёбад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин табибон Дурдона Ҳамроқулова, Гузал Алиҷонова, Зебо Хӯҷаева ва дигарон баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, пойдории меҳру муҳаббат байни арӯсу хушдоман, иззату эҳтироми волидайн, тарбияи хуби фарзандон ҷаҳд намуда, барои солимии ояндаи миллат ҳиссагузорӣ кунанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд