(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз да либоси мактабӣ тақдим карда шуд.

Муяссар Сангиновар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 21 нафар кӯдаконе, ки бори аввал ба синфи якум мераванд, лавозимоти хониш ва ба як нафар, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» бо ҳамдастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки ба зиёда аз 20 нафар наврасон аз оилаҳои камбизоат лавозимоти хониш ва либоси мактабӣ тақдим намояд.

Сипас, Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд паёми шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати соли нави хониш ба наврасон раоснида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша бо хислати наҷибу нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесарабону камбизоат мебошанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Дар ин радиф чорабинии имрӯза амалӣ карда мешавад.

Рафоат Бобоева, муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» таъкид дошт, ки имрӯз ташкилот аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда ба 21 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат лавозимоти хонишро тӯҳфа менамояд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 21 нафар кӯдаконе, ки ба синфи якум мераванд, лавозимот хониш ва ба Гостева Милана либоси мактабӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд