(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲар сол чун анъана санаи 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон дар кишварамон ботантана таҷлил карда мешавад. Варзишгарони шаҳр, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.

Варзиш дар ҳар давру замон муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 280 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Таваҷҷӯҳи бештари Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба тарбияи ҷисмонию варзиш буд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш аз ҷумла, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд танҳо дар нимсолаи аввали соли 2018 - 6 иншооти варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, байни биноҳои баландошёна сохта ба истифода дода шуд ва вусъату идомаи ин иқдом ва ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.

Маҳз ғамхориҳо нисбат ба варзишгарон буд, ки давоми солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд Қасри варзиш бо 3000 ҷойи нишаст, варзишгоҳи 20 - солагии Истиқлолият бо 25000 ҷои нишаст, толорҳои варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ва майдони варзишӣ яхи сунъӣ қомат афрохта, дари худро барои шаҳрвандон боз намуданд. Ин ҳамаи шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмӯъ барои беҳдошти тарзи ҳаёти солиму пешгирии ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Дастовардҳои варзишгарон дар нимсолаи аввали соли 2018 аз рӯи намудҳои варзиш назаррас буда, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ варзишгарони шаҳр ба гирифтани 1785 медал, аз ҷумла 552 медали тилло, 501 медали нуқра, 732 медали биринҷӣ ноил гаштанд.

Боварӣ дорем, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар тамоми мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ шарафи Тоҷикистонро баланд мебардоранд ва ман эътиқоди комил дорам, ки мураббиёну варзишгарон ба иҷрои ин амал қодир ва омода ҳастанд.

Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар яки Шумо расидан ба натиҷаҳои баланди варзиширо таманно дорам.

Рӯзи варзишгарон муборак!