(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аёдати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой КаримовРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бахшида ба Рузи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати волидайн ва пайвандони     шаҳидони барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон -Шокир Бобоҷонов Муъмин Юнусов, Бахтиёр Ёқубов, Аслон Аминов, Солеҳ Турсунов, Бахтиёр Усмонов  рафт. Ба ҳамаи   онҳо кумаки яквақтаи маводи озуқа расонда Раиси шаҳри Хуҷанд онҳоро бо  Рузи Сарқонуни кишвар  аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ  Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд  муҳтарам  Қоҳир Расулзода табрик намуд. Дар суханронии худ Раҷаббой Каримов зикр намуд,ки   Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ оилаҳои ин ҷоннисорони  ватанро ҳеҷ гоҳ бе эътибор нахоҳанд монд.