(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Боз 55  нафар ниёзмандон соҳиби замини  манзил  шудандДар маҳаллаи 3 маркази вилоят  ба 55 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, ки дар навбати беҳтар намудани шароити манзили истиқоматиашон буданд, Қарори ҷудо намудани участкаҳои наздиҳавлигӣ  супорида шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Каримов ширкат намуд. Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев Раиси шаҳр ва ҷамъомадагонро  бо лоиҳаи маҳаллаи бунёдшаванда ошно намуда, маълумот дод,ки  ба сокинони ояндаи ин маҳал тавсия дода шудааст,ки манзилҳои худро мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрдорӣ созанд.

Ба ин маҳал кашидани хатти обу барқ ва таҷдиди роҳ ба лоиҳа ворид карда шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов  дар суханронии худ иброз намуд,ки руз аз руз беҳтар гаштани некуаҳволии сокинон маҳз аз сиёсати ғамхоронаи  Президенти Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар мавриди   шаффоф  ва озод будани кори комиссияи ҷамъиятӣ зикр намуда, Раиси шаҳр илова намуд,ки  Раиси вилояти Суғд   муҳтарам Қоҳир Расулзода ҳамеша риояи адолат ва шаффофиятро  дар мавриди тақсимоти қитъаҳои наздиҳавлигӣ  талаб менамоянд.

Раҷаббой Каримов  ҳамчунин     аз ҳозирон даъват намуд,ки биноҳои истиқоматии худро бо назардошти талаботҳои замонавӣ ва барои истифодаи солҳои тулонӣ бунёд намоянд.  Гузашта аз он байни нафарони соҳиби манзил шуда ,30 фоизро шахсони имконияташон маҳдуд ташкил медиҳад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз сокинон хоҳиш намуд,ки минбаъд нисбати ин шахсон, ки дар ҳамсоягии онҳо хоҳанд буд, бо эҳтирому ғамхор  бошанд.