(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву сохторҳои шаҳр ва масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуд, ки дар ин рӯз 33 нафар сокинони шаҳр бо масъалаҳои гуногун ба шаҳрдор муроҷиат намуданд.

Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, сохтмон, баҳси замин, ободии маҳал, мусоидат ҷиҳати баргузории тӯйи хонадоршавӣ, таъмин бо ҷойи кор, таъмири боми хона ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар миёни муроҷиатҳо шаҳрвандоне низ буданд, ки баҳри ободии маҳал ва шаҳр ҳиссагузорӣ намуданиянд. Масалан сокини маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳр Муъмин Шамсиев иқдом намудааст, ки мавзеъи хонаи 16-уми микроноҳияи 34-умро ободу гулзор намояд ва аз шаҳрдор ҷиҳати мусоидат ба оғози корҳои ободонӣ кӯмак пурсид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шуъбаву идораҳои марбута дастур дод, ки ин иқдомро саривақт дастгирӣ ва барои пеш бурдани он мусоидати фаъол намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чорашанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд