(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохурии ҳизби  сиёсӣ бо интихобкунандагон

Назар ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрузҳо вохурии гуруҳи тарғиботии ин ҳизб бо сокинони маркази вилоят идома дорад. Чунон, ки ба Маркази иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чунин як вохурӣ дируз дар Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ бо иштироки 2000 нафар интихобкунандагон  бо шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамидов Илҳомҷон, намояндаи  Ситоди интихоботии Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Муинова М. вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборов Домуллоҷон , Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Даврон Зоҳидов, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳусни оғоз намуда, саравал барои ҷамъшавӣ ва якдилона дастгирӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти донишкада ва кулли иштирокчиён изҳори сипос  намуда, доири интихоботи Президенти Тоҷикистон,ки санаи 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад маълумот дод.

Шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамидов Илҳомҷон самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу возеҳ дод ва пешкаши иштирокчиён намуд, ки дар ин Барнома самтҳои афзалиётнок барои пешрафт ва ободу шукуфон гардидани кишвари азиз ба назар мерасид.

Ҳамзамон вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборов Домуллоҷон оид ба дастовардҳои мамлакат дар даврони Истиқлолият, хизматҳои шоёни Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд.

Сипас, намояндаи Ситоди Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Муинова Мавсума баромад намуда, оиди дастгирӣ ёфтани ҷавонон аз ҷониби Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтар гардидани сатҳи сифати таҳсил дар макотиби миёнаю олӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа суханронӣ намуд.

Дар охир якчанд устодон ва донишҷӯёни донишкада ва хусусан директори он Мақсудов Анвар Темирович баромад намуда, дастгирӣ ва ҷонибдории худро ба номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд.