(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шаҳри Хуҷанд пешсафиро аз даст намедиҳадСубҳи имруз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ҳамоиши бо тантанаи фаъолони вилояти Суғд раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулони идораи кишоварзӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид. Ин чамъомад ба натиҷаҳои биструзаи дувуми мавсими пахтачинӣ бахшида шуда буд. Аз руи натиҷаҳои ин биструза  пахтакорони ноҳияи Зафаробод ҷойи аввалро гирифта, дар ҷойи дувумро бошад деҳқонони ноҳияи Ашт  соҳиб гаштанд. Асотсиатсияи Хоҷагии деҳқонии «Хоҷабақирғон» байни  хоҷагиҳои деҳқонии вилоят бо нишондиҳандаҳои беҳтарин соҳиби мақоми аввал гашт.

Дар байни шаҳру ноҳияҳои ғайрипахтакор бошад ,ин навбат низ ҳашарчиёни шаҳри Хуҷанд ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ шуданд. Ҳашарчиёни боғайрати маркази вилоят дар бист рузи мавсими ҳосилғундорӣ бо ҷамъовардани 671 тонна пахта  натиҷаи аз ҳама беҳтарро нишон доданд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар лаҳзаи тантанавӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов мукофотпулӣ- панҷ ҳазор сомониро супорид.

 Ҳамзамон заркорони ноҳияи Спитамен бошад аз иҷроиши  нақшаи солона мужда расонданд.

Бади супоридани мукофотҳо Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ аз деҳқонони пахтакор даъват ба амал овард, ки бо истифода аз муҳлати ками шароити мусоиди ҳаво  барои чиниши ҳар килограми пахта 60 дирамӣ маблағ пардозанд. Зеро ин амал яке аз омилҳои суръат бахшидан барои ҷамъоварии пахта мегардад.