(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Гиромидошт чашми дил бинову хирад воло Ҳар сол рузи 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рузи аъмоён, рузи «Асои сафед» тантана ва таҷлил карда мешавад.

Бо ташаббус ва ибтикори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Каримов бахшида ба ин санаи гиромидошт ва Иди Азҳо дар туйхонаи «Мирзоҳабиб»-и шаҳр чорабинии идона барпо гашт. Ба ин тадбири муҳим беш аз сад нафар аъзои ҷамъияти нобиноёни шаҳр даъват шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд суханони табрикотии  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,  бахшида ба  Иди Қурбон ва Рўзи аъмоён ба самъи ҳозирин расонд.Дар марсими идона  Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов, мудири шўъбаи кор бо дин ва танзими расму анъанаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд     Абдуҳаким Шарифов ширкат намуданд.


Зимни сухан, раиси шаҳр ишора бар он кард, ки иди Қурбон  ба рўзҳои сафари кории Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рост омад, ки басо рамзист. Руҳияи мардум басо болидаву идона аст ва аз осоишу оромии кишвар шукрона доранд.

Чанд  руз муқаддам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қариб 700 нафар бо ятимони  вилоят дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум вохурд ва барояшон кумакҳои моддӣ намуда, сарашонро падарвор сила намуд, ки аз дили бузургу раъиятпарваронаи сардори давлат шаҳодат медиҳад. «Шумоён, ҳозирини гиромӣ, ҳамеша дар паноҳи давлату ҳукумат қарор доштед ва аз таваҷҷўҳ орӣ набудед. Мо боз ҳам кушиш бар он мекунем, ки шароити зист, меҳнат ва фароғати шумоёнро аз буда беҳтар намоем.»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Баъдан, Абдуҳаким Шарифов, табрикоти Раиси вилоят Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳозирин расонида, изҳор намуд, ки дар партави сиёсати давлату ҳукумат ва хоса, раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтирому қадри аъмоён хамеша ба ҷо оварда шуда, ғамхорию дастгирии онон дар мадди назар меистад. Аъмоён мисли ҳамаи аъзои ҷомеа сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукуматро ҷонибдорӣ менамоянд ва бо кору рафтор ва амали худ онро исбот месозанд.

Дар қаламрави вилоят имрўз 1858 нафар дар ҷамъияти нобиноён  ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳар нафар мувофиқи имконият бо кору амал машғул аст. Онҳо сарфи назар аз ноқисии ҷисмонӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат карда, ба манфиати халқу Ватан хизматҳои назаррас карда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, афзуд Абдуҳаким Шарифов,- ба хотири фароҳам овардани шароит ба аъмоён дар самти солимгардонии ҷисм, таъмини ҷойи кор, маълумотгирӣ, омодагии касбӣ, фароҳам овардани муҳити муътадил барои фароғат  чораҳои мушаххас меандешад.

Абдусаттор Ҷалилов аъзои ҷамъиятро бо Рўзи аъмоён ва иди Азҳо шодбош гуфта, арз намуд, ки дар ҷамъияти аъмоён аз шаҳри Хуҷанд 428 нафар маъюби гуруҳи 1 ва 2 ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумор 74 нафар бо кори доимӣ (ҳафтае се руз) таъмин мебошанд. Онҳо бо сохтани халтаҳои коғазӣ, симтўр, васлкунаки барқӣ ва амсоли он машғул мебошанд. Мо умед мекунем, ки- афзуд А.Ҷалилов,- зина ба зина шароити меҳнат боз ҳам беҳтар мешавад,  ашёи хом таъмин ва дастрас мегардаду коргарони мо ба маошҳои беҳтар ноил мегарданд. Ман, аз номи кулли аъмоён ба раёсати шаҳру вилоят аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рузафзун изҳори сипос мекунам ва мегуям, ки мо, аъзои ҳамтақдир баҳри шукуфоии шаҳри азизамон то тавонем саҳмгузор мешавем.

Баҳри болида доштани руҳияи аҳли ҷамъомад ҳунармандони Хонаи маданияти №1-и шаҳр бо сарварии Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ Азимҷон Аҳроров Акрам Абдуллоев, Шариф Ниёзов, Субҳиддин Раҷабзода, Абдураҳмон Нурматов, Мубинҷон Рустамов, Гулнора Абдуллоева  дастагули тозаи таронаву сурудро ба армуғон оварда, дили ҳозиринро шод гардониданд. Гирди дастархони идонаву пур аз нуқлу наво аъзои аъмоён шоду масрур буданд ва ҳамроҳ бо ҳунармандон шодӣ карданду арғушт рафтанд, ки воқеан то дер аз хотирашон зудуда нахоҳад шуд.