(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар намози  Иди Қурбон   ширкат намудДар масҷиди ҷомеъи Шайх Маслаҳатдини шаҳри Хуҷанд чун  дар тамоми масоҷиди кишвар  намози идона хонда шуд.

Дар иҷрои намози идона  муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Каюмов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуданд. Мубинҷон Қаюмов табрикоти Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳозирон расонд.

Раиси шаҳри  Хуҷанд Раҷаббой Каримов зимни   суханони табрикотии худ ёдовар шуд,ки таҷили ин иди саид дар рузҳое сурат мегирад,ки сафари Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба анҷом мерасад. Зеро маҳз бо шарофати ин ташрифи сарвари давлат мардум барои корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ илҳоми тоза гирифта бо ғайрати дучанд баҳри шукуфоии ва таҳкими дастовардҳои истиқлолияти ватани маҳбуб меҳнат менамоянд.

Муовини раиси Шурои уламои вилояти Суғд Хуҷамир Хуҷамиров баҳри  дасигириҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва шаҳри Хуҷанд аз номи кулли  намозгузорон изҳори ташаккур намуд.

Ҷамъомадагон  ду ракъат намози идро юо ҷо оварда дар ниҳоят  барои шукуфоии ватан ва оромию сулҳи пойдор дуои нек намуданд.