(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Хатнатуйи   10  нафар кудакон дар арафаи Иди ҚурбонИқдоми ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмонро соҳибкорони маркази вилоят ҳамеша дастгигӣ  менамоянд. Дар арафаи Иди Қурбон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд маъракаи хатнатуйи 10 нафар наврасон аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.   Дар суханронии худ мудири шуъбат кор бо дин ва танзиму расму анъанаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов  ва мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин  Икромиддинов ҳозиринро бо Иди Қурбон табрик намуда, таъкид намуданд ки маҳз чунин  амалҳои нек  дар партави сиёсати адолатпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   амалӣ  мегарадад, ки   Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  барои амалӣ гаштани ин сиёсат тамоми кушишҳои худро сарф менамоянд. Дар ҳамин замина нотиқон барои   ин кори  савобашон  ба      ҳамсарон  Ҳоҷӣ Набиҷон  Зунунов ва   Ҳоҷӣ Туҳфахон  Мусоева  изҳори сипос намуданд. Ин шахсони саховатманд брои ҳар кадом аз наврасон  ба миқдори 500 сомонӣ сарулибос тақдим намуда ба онҳо  туҳфаҳои гуногун ва лавозимоти таълим аз қабили дафтару қалам ва китобҳои кудакона супориданд.   Лозим ба ёдоваристки танҳо дар соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамин тарз  хатнатуйии зиёда аз 150  нафар  кудакон  аз оилаҳои камбизоат     гузаронида шуд.

Бо мақсади шукуҳ бахшидан ба маъракаи шодӣ ҳунрмандони Хонаи маданияти № 2 –и Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барномаи консертии ҷолиб  пешкаш  намуданд.