(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба шахсони ниёзманд мурғчуҷаҳои ройгон тақсим  карда дода шудБа истиқболи  Иди Қурбон  кори хайру нек ба анҷом  расид.   Бо мақсади мусоидат намудан ба    вазъи беҳтари  иҷтимоӣ ва кумаки амалӣ расондан   ба сатҳи зиндагии   оилаҳои камбизоат ,мувофиқи руйхати пешниҳод намудаи  раисони кумитаҳои маҳаллаҳои  шаҳри  Хуҷанд   ҳар  як  оила     то 50 донагӣ мурғчуҷаҳои хушзотро соҳиб шуд. Миқдори умумии чуҷаҳо зиёда аз 18 ҳазор буда ба 18 маҳаллаҳои маркази вилоят   ҳазор донагӣ   ройгон тақсим карда шуд.  Шаҳрвандони  аз кумак бархурдоршуда   барои ин ёрии амалӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд   ва шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуданд.  Маблағи умумии кумаки расондашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.