(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд камбизоатонро бо Ии Қурбон табрик  гуфт

Ба истиқболи  таҷлили  Иди  Қурбон Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов  якчанд оилаҳое,ки  вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодиашон дар сатҳи паст  қарор дорад,   аёдат намуда, онҳоро   аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  бо иди омадаистода табрик намуд.  Раҷаббой Каримов  бо ҳар кадом аз шахсони камбизоат ва дорои имконияташон маҳдуд суҳбат самимӣ доир намуда, аз вазъи саломатӣ ,таминоти иҷтимоии онҳо пурсон шуд.  Ҳангоми суҳбат   ба раисони маҳалла ва сардорони биноҳои истиқоматӣ супориш дода шуд ,ки аз вазъи зиндагии шахсони дорои  имконияташон  маҳдуд   ва    ба гуруҳи оилаҳои камбизоат дохил мешаванд, бо қувваи аҳли маҳалла ва  соҳибкорон   барои беҳтар намудани шароити зист дасти ёрӣ дароз намоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,ки анъанаҳои хуби гузаштагонамон ки ҳамеша нисбати ҳамсоя ва шахсони камбизоати   маҳаллаи  худ ғамхорӣ зоҳир менамуданд,бояд ҳамеша идома ёбад.

Ҳамзамон нисбати шишабандӣ намудани тирезаҳои модари танҳо Сурайё Азизова ,ки худ се фарзанди ноболиғро тарбия  менамояд, суръат бахшидан ба сохтумони хонаи Шаҳло Ахмедова то фасли сармо, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов супоришҳои қатъӣ дод. Дар маҷмуъ Раиси шаҳри Хуҷанд 11 нафари эҳтиёҷмандро аёдат намуд. Лозим ба ёдоварист,ки  бо  ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша   ба зиёда аз ҳазор нафар шахсони ниёзманд кумаки яквақта  иборат аз маводи ғизо расонда шуд.