(5 голоса, среднее 3.80 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шаҳри Хуҷанд рамзи худро  муқаррар менамоядЧандест, ки дар доираҳои илмӣ ва фарҳангии кишвар оиди муайян  намудани   рамзи шаҳри Хуҷанд мубоҳиса идома дорад. Вобаста ба ин масала  мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  бо бостоншинос Саидҷон Марофиев ва муаррих Назирҷон Турсунов баргузор гардид. Олимони шинохтаи тоҷик доири ҷанбаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва тарихии меъёрҳои муайян намудани рамзи шаҳри Хуҷанд  андеша ва пешниҳоди худро  баён намуданд. Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд  супориш дода шуд,ки  масалаи мазкур ба муҳокимаи доири васеи  коршиносону олимон   бароварда шавад.   Раиси шаҳри Хуҷанд такид намуд ки  рамзи шаҳр бояд тамоми унсурҳои тарихӣ анъанаи маҳаллӣ-фарҳангиро дар бар гирифта, барои худшиносии насли имрузу фардо хизмат намояд. Ба муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова, мудири бахши фарҳанг Бахтиёр Қосимов дастур дода шуд,ки ҳайати шурои муаян намудани рамзи шаҳрро пешниҳод намуда, намунаҳои рамзро бо назардошти  фикру андешаҳои шахсони баруманд олимон, зиёиён таҳия намоянд.

Олимон  Назирҷон Турсунов, Саидҷон Марофиев дар бораи нигоҳ доштани осори таърихиву меъмории  шаҳри Хуҷанд, маҳаллаҳои он ва анъанаҳои мардумӣ бо ширкатдорони мулоқот мубодилаи назар  намуданд. Дар ҳамин замина, Раҷаббой Каримов пешниҳоди насб намудани навиштаҷот дар кучаҳои шаҳр бо  номҳои тарихиии маҳаллаҳо  ва муқаррару таҷлил  намудани санаи муайянро чун «Рузи шаҳр» қобили қабул дониста, барои амали намудани ин пешниҳодот ба масъулин дастуру  супоришҳо дод.