(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Хатнатуйи кудакон дар қаҳвахонаи навШоми дируз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  расми кушоди  қаҳвахонаи  нав «Ҷами 4»  ва хатнатуии  панҷ нафар наврасони оилаҳои   ниёзманд   баргузор гардид.  Дар расми кушоди қахвахона Раиси шаҳр  ҷамъомадагонро бо иди наздикомадаистода –Иди Қурбон ба наврасонро бо туйи суннатиашон табрик намуд. Ба хамаи  наврасон туҳфаҳои  Раиси шаҳр-  яхдон, аробачаҳои кудакона  бо тантана супорида шуд.  Ҳамчунин барои ин иқдоми хайрхоҳонашон  дар арафаи Иди  Қурбон ,ба муассисони қаҳвахонаи мазкур М. Муминов, М Дадобоев, Э.Аминов ва Ш Комилов    изҳори сипос намуд. Бо фаъолияти муассисаи мазкур барои 30 нафар ҷойи корӣ  пайдо шуда роҳбарияти он ният доранд  ба мизоҷон бо сифати баланд хизмат расонанд.