(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аввалин  30 нафар ҷавонони ихтиёрӣ дар мавсими даъватии тирамоҳии имсола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Дар маросими гусели аввалин сафарбаршудагон, ки дар саҳни ҳавлии Коммисариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, собиқадорони ҷангу меҳнат, волдиайни даъватшудагон кормандони масъули Комисариати ҳарбии шаҳр ширкат намуданд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат Алиҷон Солиев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуҷаббор Боқиев, ба ҷавонписарон роҳи сафед таманно намуданд.
Даъватшуда Олим Усмонов дар суханронии худ ваъда дод, ки баҳри содиқона баҷо овардани хизмати Модар-Ватан кӯшиш хоҳад кард.
Аз номи волидайни наваскарон Гавҳар Усмонова даъват намуд, ки ҷавонписарон бояд қарзи фарзандии худро дар назди Ватан  - Модар ба анҷом расонанд.
Барои иштирокчиёни ин чорабинӣ кормандони Бахши фарҳанг барномаи консертӣ намоиш доданд.