(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар  доираи татбиқи марҳилаи 3-юми  лоиҳаи «Хатти обрасонии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б. Ғафуров» барои таъмини аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ корҳои васлу насби қубурҳои об дар кӯпруки «Ҷашнӣ» амалӣ мешавад. Лоиҳа аз ҷониби маъмурияти корхонаҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.  Бояд ёдрасшуд, ки дар марҳилаи якум ба масоҳати 11,6 км қубур хобонда шуда, аҳолии маҳаллаи «Бофанда», кӯчаи ба номи Ленин бо оби тоза аз сойи «Хоҷабоқирғон»-и  мавзеи Овчӣ-Қалъача таъмин гаштанд.  Дар амалӣ шудани марҳилаи дуюми лоиҳа сокинони соҳили чапи шаҳри Хуҷанд пурра, ҷамоатҳои Ёва, Ҳ.Усмон ва қисман Унҷии ноҳияи  Б. Ғафуров бо оби хушсифати нӯшокӣ таъмин шуданд.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи амалкунанда шурӯъ аз моҳи январи соли 2012 татбиқ мегардад.  То ба имрӯз дар кӯчаҳои Ленин, Гагарин  ва маҳаллаи «Бофанда»  қубурҳои об васлу насбшуда, аҳолии мавзеъҳои номбурда аз оби тозаи нӯшокӣ истифода мебаранд. Алҳол корҳои васлу насби қубурҳои обгузар ба масоҳати 400 метр  дар кӯчаи Султон Умарии маркази вилоят ҷараён дорад. Барои анҷоми хушсифати корҳои васлгарӣ кормандони ҶДММ «Ориён-КС» ҷалб карда шудаанд.
Пас аз анҷоми қубурхобонӣ роҳи ин мавзеъ навсозиву таъмир мегардад. Баъди иҷрои марҳилаи сеюм аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд пурра бо оби тозаи Хоҷабоқирғон таъмин мешаванд.