(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҷамъбасти 20-рӯзаи аввали пахтачинӣДирӯз дар майдони "Ситораҳои Хуҷанд"-и маркази вилоят бахшида ба ҷамъбасти 20-рӯзаи аввали маъракаи ғунучини "тиллои сафед" ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар он Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, муовинони ӯ, раисони шаҳру навоҳӣ, аҳли зиё, омӯзгорону муҳассилини таълимгоҳҳо, макотиби олӣ, намояндагони ташкилоту идораҳо ва кормандони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Муовини Раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов ба ҷамъомад ҳусни оғоз бахшида, заркоронро бо ғолибияташон шодбош гуфт. Сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Файзуллоҷон Дадоҷонов қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоятро "Дар бораи ҷамъбасти давраи аввали мусобиқаи меҳнатии шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят ҷиҳати сари вақт ва беталаф ғундоштани ҳосили пахтаи соли 2013-ум" ба самъи ҳозирин расонд.

Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа дар бист рӯзи аввал ҷои якум насиби заркорони ноҳияи Мастчоҳ дониста шуд. Мастчоҳиён дар ин давра 16651 тонна ё ба андозаи 67,01 фоизи дурнамо пахта ҷамъ оварданд. Ҷои дуюмро пахтакорони ноҳияи Спитамен соҳиб гаштанд. Онҳо дар ин давра 8724 тонна ё баробари 66,09 фоизи нақша ҳосил ғундоштанд. Дар байни хоҷагиҳои пахтакори вилоят хоҷагии деҳқонии «Рахшона»-и ноҳияи Ашт сазовори ғолиби меҳнатӣ ҳисобида шуд. Хоҷагӣ дар ин давра 1287 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъ оварда, дурнамои солонаро 113,3 фоиз таъмин намуд.
Меҳнати зарбдоронаи чинакчиёни шаҳру ноҳияҳои ғайрипахтакор шаҳри Хуҷанд, байни дигар пахтачинон бештар буда, дар ин давра зиёда аз 630 тонна пахта ба хирмани «тиллои сафед» рехта шуд. Натиҷаи заҳматҳои ёрдамчиён буд, ки онҳо дар мусобиқа ғолиб омада, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон вимпели сайёр ва мукофотҳои пулиро ба маблағи 20, 10, 5 ҳазор сомонӣ супурд. Раисони  шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагии зафарманд -Мирзоаҳмад Аҳмадзода, Мӯҳтадӣ Маҷидов, Раҷаббой Каримов, Шуҳрат Давлатёров  парчами шарафро таҳти садои суруди миллӣ барафрохтанд.
Ҳамзамон, Раиси вилоят изҳор дошт, ки аз ҷониби пахтакорони вилоят то имрӯз ба хирмани Ватан 53 ҳазору 399 тонна дурри гаронбаҳо рехта шудааст, ки ба 47,44 фоизи нақша баробар мебошад. Қоҳир Расулзода инчунин аз паст будани нархи чиниши пахта дар баъзе навоҳии пахтакори вилоят изҳори норозигӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки барои болобарии нархи чиниш ва ба ин васила ҷалби чинакчиёни маҳаллӣ, аз ҷониби роҳбарияти навоҳии пахтакор чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Мирзоаҳмад Аҳмадзода аз ғамхориҳои роҳбарияти вилоят рӯҳбаланд гардида, ба пахтачинон ва ғолибони мусобиқа барори кору муваффақиятҳо орзу намуд.
Раиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шоир Аҳмадҷони Раҳматзод деҳқононро бо зафари меҳнатиашон шодбош гуфта, шеъри тозаэҷоди хешро қироат намуд.