(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷашни МавлавӣБахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳар сол 30-юми сентябр дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад, чорабинии сиёсиву адабӣ доир гардид, ки дар «Боғи Ирам» дӯстдорони адабиёт, хосатан, шеъри ноби Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро гирд овард.
Ба маҳфил шоир Толиби Озарахш ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик гуфт ва афзуд, ки рӯзи тавлиди шоир рӯзи таваллуди адабиёт, рӯзи таваллуди ҳамаи шоирон ва инсоният аст. Дар олам майнаи сар, дил ва руҳеро ёфтан душвор аст, ки он мисли майнаи сари Мавлонои Балхӣ пур зи илм, мисоли дили ӯ пур зи ишқ ва руҳи лабрез аз фараҳ бошад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Аминҷон Шарифов аҳли нишастро муборакбод намуда, қайд кард, ки моҳи сентябр моҳи табаррук аст, зеро аз сар то охир бо санаҳои хотирмонаш ба дили ҳар яке сурур мебахшад. Қайд гардидани Рӯзҳои донишу китоб, Иди Истиқлолият, Рӯзи Рӯдакӣ, сафари кории Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ниҳоят Рӯзи Мавлонои Балхӣ маҳз дар моҳи сентябр рост омадааст. Сипас, ӯ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳамагон расонд.
Муовини Раиси шаҳр Муҳаббат Бобоҷонова аҳли илму адабро сидқан бо ҷашни гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табрик гуфта, матни Номаи муборакбоди Раиси шаҳрро қироат кард.
- Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ дар ҳақиқат шоири ҳама давру замонҳо, чакомасарои ҳамаи халқҳову миллатҳост. Ҷашни ин шоири тавонову орифи шайдо бешак, ҷашни фарҳангу адаб ва тамаддуни башарият мебошад. Ӯ дар ҳақиқат шоир ва донишмандест, ки мероси адабиаш тайи асрҳо дар хизмати инсоният қарор дорад. Ашъори ӯ мардумро ба ваҳдат, сулҳу дӯстӣ, ҳамдилию ҳамфикрӣ даъват намуда, шоҳасараш «Маснавии маънавӣ» яке аз китобҳои муқаддас дониста шудааст.
Шоирон Неъмат Оташ, Нуралӣ Нурзод, ӯлмаси Хол ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ сухан карда, ашъори волову ишқи осмонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро тариқи шеърҳои тозаэҷодашон васф намуданд.
Таронаҳои дилангези ҳофизон Даврон Алиматов, Асрор Камолиддинов, Носир Раҳимов, Шарифмуҳаммад Ниёзов ва Толиби Озарахш рӯҳи иштирокдорони маҳфилро болида гардонд.