(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Маҳаллаҳои Раззоқ ва Сари санг яке аз қадимтарин маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб мераванд. Пӯшида нест, ки кӯчаҳои дохили маҳалла аз борону барф ва нав кардани қубурҳои об фарсуда гашта, вақтҳои охир гаштугузори ҳам мошинҳо ва ҳам пиёдагардон аз ин кӯчаҳо мушкил шудааст. Чи хеле  қайд гардид, тайи 40 сол аст, ки ин кӯчаҳо аз таъмир бароварда нашудааст. Вақте шаш моҳ пеш Раиси шаҳр бо сокинони ин маҳаллаҳо мулоқот орост, онҳо масъалаҳои таъмири роҳу мумфаршкунӣ, сохтани бинои варзишӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27 ва паст будани шиддати қувваи барқи маҳалларо арз дошта буданд. Ин муаммои сокинонро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии кӯчаи Раҳмон Набиев оғоз кард. Ин иқдоми мақомоти иҷроияро вакили шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №1 Мансурҷон Ҳасанбоевич Каримов ва соҳибкорону сокинони маҳалла Абдурасул Содиқов, Луқмон Комилов, Иномҷон Қодиров, Насрулло Баротов ва оилаи Рабиевҳо дастгирӣ намуда, дар мумфарш кардани ин кӯча ва кӯчаи шафати мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27 ба номи Аҳмад Аминов саҳм гузоштанд.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз роҳҳои таъмиршуда ба чойхонаи маҳаллаи Сари санг омада, бо сокинони ин маҳалла вохӯрд. Дар ин вохӯрӣ ӯро сардори шабакаҳои барқи шаҳр Тӯра Атамов, сардори идораи «Хуҷандобуканал» Неъмат Юсуфов ҳамроҳӣ карданд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов зимни суханронӣ ба сокинони маҳалла барои дастгириашон арзи сипос намуда, гуфт, ки то ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кӯчаҳои маҳалла аз таъмири капиталиву ҷорӣ бароварда шуда, таъмири чойхонаи маҳалла низ оғоз мешавад. Барои ин корҳои ободонӣ 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд ва боз 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
- Хуб мешуд агар ин корҳои хайр ба тариқи ҳашар созмон дода шавад, - зикр кард Раҷаббой Аҳмадҷонович, - зеро 15 километр роҳҳои шаҳр ба тариқи ҳашар обод карда шуд.
Ба масъалаи паст будани шиддати қувваи барқ сардори шабакаҳои барқ Т.Атамов посух гардонда, гуфт, ки агар трансформатори иловагӣ зарур бошад, он ҳатман дастрас карда мешавад ва қувваи барқ дар маҳалла баланд хоҳад шуд.
Чанд нафар сокини маҳалла ба Раиси шаҳр оид ба проблемаҳои мавҷуда, аз қабили гузоштани аломатҳои роҳ дар кӯчаи Раҳмон Набиев (даромади маҳаллаи Раззоқ аз тарафи боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ), хушк шудани дарахтони боғ аз ҳисоби надодани об, худсарона ишғол кардани замин барои қабристон арз карда, посухҳои мушаххас шуниданд.
Сипас, Раҷаббой Каримов ба оғози корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи Аҳмад Аминов ва Абдулло Раҳимбоев ифтитоҳ бахшида, замини барои сохтмони бинои варзишии мактаби №27 ҷудошударо аз назар гузаронд. Барои омӯхтани хок ба олимони соҳаи хокшиносӣ супоришҳои қатъӣ дода, гуфт, ки дар мӯҳлати 10 рӯз ҳисоботи худро оид ба сохтмони бинои варзишӣ омода намоянд. Вакили мардумӣ Мансурҷон Каримов ваъда дод, ки дар ин кор низ ӯ саҳмгузорӣ хоҳад кард.