(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳашар дар боғи «Ғалаба»  ва  эродҳои Раиси шаҳри  ХуҷандДар Боғи фарҳангии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд  зиёда аз 500 нафар муҳассилини макотиби миёна,донишҷуёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б Ғафуров  варзишгарони мактабҳои варзишӣ  тариқи ҳашар  ин мавзеро аз алафҳои бегона тоза намуда, роҳрав ва гулгашти ин мавзеи истироҳатиро тозаву  обод намуданд. Барои ба тартиб даровардан  мавзеи оббозӣ зерсохторҳои Идораи хоҷагии коммуналӣ  соҳили дарёро бо рег пушонданд. Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов  аз рафти ҳашар шинос шуда, нисбати босифати  баланд  иҷро  шудани корҳо ба кормандони идораҳои кабудизоркунӣ , ободонӣ,  ҳифзи  муҳити зист ,хоҷагии комуналӣ бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр супоришу дастур дод. Ҳамзамон  нисбати   фаъолияти  Идораи  кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд    интиқод намуда роҳбарони ташкилотҳои марбутаро ба масъулиятшиносӣ даъват намуд. Ба онҳо муҳлат дода шуд, ки эроду камбудиҳое,ки  аз ҷониби  Раиси шаҳри Хуҷанд ошкор ва   зикр гардид, дар муҳлати   як ҳафта бартараф намоянд.