(2 голоса, среднее 1.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Рӯзи Рӯдакӣ ба дилҳо сурур бахшид20-уми сентябр дар майдони назди ҳайкали Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ, ки дар Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр таҳлил мешавад, бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов маҳфили шеъру суруд баргузор гардид. Раиси шаҳр дар ибтидо ба сифати устоди шоирони ҷаҳон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суханҳои гӯшнавоз гуфта, аз шеъру ғазал ва  андешаҳои фалсафию адабии ӯ дар ашъораш ёдовар шуд.

Ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хазинаи гаронмояи адабиёт аст, шеър барои Рӯдакӣ василае буд, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии худро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекард. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди асарҳои худ ба қудрату ғановатмандии забони тоҷику форс вусъат бахшид. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва оммафаҳм мебошад,-таъкид кард Раҷаббой Аҳмадҷонович ҳини ифтитоҳи маҳфил ва ҳамоно афзуд, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги шоирон эътироф шудааст. Ҳамасрон эшонро ба ҳайси пешвои аҳли адаб шинохта, унвонҳои қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, малику-ш-шуаро ва одаму-ш-шуароро барояш муносиб донистаанд.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аминҷон Шарифов номаи шодбоши Раиси вилоят, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳамагон расонд.

Раиси шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод иштирокдорони маҳфилро аз ҷониби нависанда ва шоирони халқии Тоҷикистон хонум Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Муҳиддини Хоҷазод, доктори илми суханшиносӣ, профессор Матлуба Хоҷаева табрику таҳният гуфт. Арза дошт, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷикон, нишонаи хештаншиносиву худогоҳии мо, ворисони Рўдакии бузург аст.

Воқеан, баргузории Рӯзи Рӯдакӣ моро ба асли хеш, бо нахустин давлати миллиамон - давлати Сомониён, бо андешаҳои воло ва ҷовидонаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дигар шоҳони адолатпешаву фарҳангдӯсти ин давлати бузург ба таври ногусастанӣ мепайвандад. Зеро агар Исмоили Сомонӣ кишвари бузурге барпо карда бошад, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо каломи зебову шевояш олами дилҳоро тасхир ва ҷаҳони маънавиётро ривоҷ додааст.

Дар маҳфил, ки оҳанги ширу шакарро дошт, шоирон Гулнози Тоҳириён ва Ният Ҳаёт шеърҳои ноби худро хонданд. Ҳофизони шинохта ва писандидаи мардум Даврон Алиматов, Абдуҷамил Раҳимов, Носирҷон Раҳимов, Абдураҳмон Абдураҳмонов ва Шарифҷон Ниёзов бо сурудҳои дилангезу гӯшнавоз хотири болидаи иштирокдорони маҳфилро болидатар гардонданд.

Дӯстдорони назм ҳамдигар, махсусан, донишҷӯёну хонандагони синфҳои болои мактабҳоро бо Рўзи Рўдакӣ, рўзи шеъри оламгири тоҷику форс самимона шодбош гуфтанд. Таманно доштанд, ки эҳсоси ватандориву адабиётдўстии насли ҷавони шаҳри куҳанбунёди Хуҷанд боло гирад ва ёди қофиласолори назми тоҷик Абуабдуллоҳи Рўдакӣ зиндаву ҷовид бимонад.