(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо зойиринИмруз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой   Каримов бо  143  нафар   зойирини имсола  баргузор гардид.  Дар оғоз  Раиси шаҳр  ҷамъомадагонро  бо   ин сафари нек   муборакбод намуда,  қайд намуд, ки  маҳз фазои озод ва кафолатҳои  ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли  Тоҷикистон имкон медиҳад, қи сокинони кишвар   дар фазои оромиву осудагӣ  фарзҳои диниро  адо намоянд.  Имсол 17 нафар собиқадорони  меҳнат ва шахсони баруманд бо хулосаи комиссияи ҷамъиятии «Ҳаҷ-2013»  бе навбат имкон пайдо намуданд, ки тавофи Каъба намоянд.  Гуруҳи мусофиронро  4 нафар роҳбаладӣ намуда, ҳамзамон  4 нафар духтурон дар назорати сиҳатии онҳо хоҳанд буд. Раиси шар  Раҷаббой Каримов  ба духтурон ва роҳбаладон  дастур дод,ки дар давоми сафар   барои адои маросим ва  рукнҳои ҳаҷ  шароитҳои мавҷударо фароҳам оранд.  Лозим ба ёдоварист, ки  сафари зойирин   субҳи  21 сентябри соли   ҷорӣ,   тариқи  тайёра,  сурат мегирад.

Дар баромади худ Мудири шуъбаи оид ба корҳои дини вилояти Суғд  Абдуҳаким  Шарипов ва раиси  Шурои уламои дини вилоят  Ҳоҷӣ Хусайн  Мусозода  ҳозироно  ба риояи ҳатмии қоидаҳои мавҷуда ва низоми сафари дар пеш истода, даъват    намуданд.