(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сокинони    Хуҷанд  шаҳри худро зебо мекунандИмруз  дар тамоми қаламрави шаҳри Хуҷанд  ҳашари умумихалқӣ  гузаронида шуд.

Сокинон,  кормандони ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят якдилона бо мақсади ободу зебо гардондани шаҳри Хуҷанд  ба шанбегии умумишаҳрӣ  бароманд. Шанбегии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар 18  маҳаллаҳои шаҳр  8,5 км  ҷуйборҳо тоза карда шуда,  ба масофаи 14 км роҳ хатти уфуқӣ кашида шуд.   Дар нимаи аввали руз дар шанбегии умумишаҳрӣ зиёда аз 12 ҳазор  сокинони маҳаллаҳо кормандони ташкилоту муассисаҳо ва муҳассилини мактабҳои олӣ,  миёнаи махсус ва  миёна  ширкат намуда зиёда аз 30 тонна партовҳоро аз ҳудуди шаҳр берун бароварданд.   То интиҳои руз рангубори биноҳои маъмурӣ ва истиқоматии маркази вилоят идома хоҳад ёфт.