(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шуруъ аз имруз дар  хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои Меҳнатобод ва Зафарободи ноҳияи Зафароод   ҳазор нафар  кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷавии маркази вилоят  ба чиниши пахта  шуруъ  намуданд.

Дар Ҷамоати Меҳнатобод Ситоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо роҳбари муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов таксиси дода шудааст.

Чунон,ки сардори Ситод,  муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд      И. Иброҳимов ба Маркази иттилооти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Хуҷанд хабар  дод,  ҳашарчиён    бо хуроки  гарм ва шароитҳои   дигари зарурӣ  таъмин карда  шуданд.  Вазъи саломатии ҳашарчиёнро  бошад, духтурони муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд  назорат хоҳанд кард. Бо ин мақсад дар назди Ситод Маркази саломатӣ таш кил шудааст.

Ҳашарчиён мувофиқи наша дар ҳар понздаҳ руз иваз мешаванд ва то иҷроиши наша  ба деҳқонони ноҳияи  Зафаробод  кумак  хоҳанд кард.