(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шаҳри Хуҷанд  беҳтарин шаҳр дар соли 2013Бо мақсади рушди иқтисодиётва иҷтимоиёти маҳал,ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ  иҷрои  нақшаҳои барномавӣ, густариши  корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонӣ,кабудизоркунӣ,ҳифзи муҳити зист,самаранок истифода намудани неъматҳои табиат,беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои тиб,маориф,фарҳанг,баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба муносибати «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» Қарори Раиси вилояти Суғд аз  29 январи соли 2013 № 17 қабул шуда буд ки тибқи он барои озмуни вилоятии   «Маҳали аҳолинишини беҳтарин» эълон шуда буд. Ҳайати комиссияи озмуни мазкур,кии борат аз 29 нафар масъулини мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд, мудирони шуъба ва бахшҳои  дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, идораҳои соҳавӣ  шомил буданд. Раисии комиссияро муовини якуми Раиси вилоят  Сангинов Ҷ.Р. ба зимма дошт.

Шаҳри Хуҷанд  беҳтарин шаҳр дар соли 2013

Хайати комиссия аз руи меъёр ва нишондиҳандаҳои дар ҳама самтҳо аз қабили иҷроиши буҷаи давлатӣ ва  маҳаллӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, тасиси ҷойҳои нави корӣ,корҳои ободонӣ ва сохтумон, пардохти саривақтии маош ва нафақа, сифати хизматрасонӣ ба  аҳолӣ ,фазои иттилоотӣ,дастовардҳо дар самти варзиш, фарҳанг, раванди ҷудо намудани қитаи замин ба аҳолӣ ва ғайраҳоро баррасӣ намуда дар арафаи   иди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳоро  ҷамбаст намуданд.

Мувофиқи қарори комиссияи босалоҳияти  озмуни «Маҳалли аҳолинишини беҳтарин» дар бахши шаҳру навоҳӣ, шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуда, бо Шаҳодатнома ва 40 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Рузҳои  таҷлили иди Истиқлолияти кишвар дар   ҷамъомади тантанавӣ,  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов туҳфаи ғолибиятро супорид.