(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дави умумиҷаҳонӣ дар шаҳри ХуҷандИмруз дар назди маҷмаи «Ҳавзи шиноварӣ» -и шаҳри Хуҷанд расми қабули иштирокдорони дави умумиҷаҳонӣ   «Машъал-2013»  баргузор гардид. Ширкатдорони ин чорабинии варзишӣ-фарҳангиро муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов пешвоз гирифта аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов хайрамақдам гуфт. Ин чорабинии байналмилалӣ  таи се сол боз баргузор мегардад. Мақсад тарғиби  ҳаёти солим ва варзиш буда имсол он аз шаҳри Душанбе шуруъ шуд. 12 нафар шахрвандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар давоми се руз масофаи Душанбе Хуҷандро тай намуда баъди убури марзи кишварҳои Қирғизистон ва Қазоқистон то интиҳои моҳи равон бояд ба сарҳади Ҷумҳурии Мардумии  Чин расанд.