(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдат ва кумак ба собиқадорони ҷангу меҳнатБа ифтихори ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аёдат карда шуда, мукофоти пулии Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов супурда шуд.

Мудири Шуъбаи меҳ­­­­­нат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр Шарифҷон Аҳмадов ва сармутахассиси Шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва  робита бо созмонҳои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Дадоҷон Ҳоҷибоев иштирокчиён ва маъюбони ҷанг Қосим Мирзохонов, Аҳмад Олимов, Мария Стелсова, Марина Робича ва Алишeр Комиловро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон , Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шахсан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо иди Истиқлолият  табрик гуфта, барояшон тани баофият ва умри дароз   орзу карданд. Ба ҳар яки онҳо мукофот ба андозаи 200 сомонӣ маблаu дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар арафаи ҷашни истиқлолият ба 14 нафар  иштирокчён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  аз маркази вилоят аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  1000 Аёдат ва кумак ба собиқадорони ҷангу меҳнатсомонӣ ва ба 20 нафар сокинони шаҳр аз ҷониби  Раиси вилояти Суғд  Қоҳир Расулзода  500 сомонӣ кумаки яквақтаи  пулӣ супурда шудааст.

Қосим Мирзохонов бо аҳли байт ба ин кумаку ғамхории  роҳбарияти давлат, ки пайваста ба иштирокчиёну маъюбони ҷанг расонда мешавад, миннатдорӣ изҳор намуда, дасти дуо бардоштанд.

Дигар аёдатшудагон низ сипоси хешро изҳор намуда, ваъда доданд, ки барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ саҳмгузор мешаванд.