(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

ТАБРИКОТИ  Раиси шаҳр бахшида ба 22-солагии Рӯзи Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамшаҳриёни азиз!

Аз он рӯзе, ки Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатии худро ба ҷаҳониён эълом дошт, 22 сол сипарӣ мегардад ва рӯзи 9 сентябр дар тақдиру сарнавишт ва таърихи Тоҷикистони навин бо ҳарфҳои зарҳалӣ абадӣ нақш баст.

22 сол ин ҷониб мардуми диёри ҳамешасабзи мо аз самараи Истиқлол бархурдоранду бо дастони худ иморати мӯҳташами давлати демократии ҳуқуқпояи дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро бунёд мекунанд. Бо ақлу  заковат ва бузургии халқу  миллати тоҷик, ки пас аз дигаргуниҳои чашмнодидаву гӯшношунидаи мамлакат, пас аз ҷудоиҳову дур аз ватан афтоданҳо дар муддати бағоят кӯтоҳи таърихӣ боз ба ҳам пайваст, дар фазои кишвар сулҳу осоиш ва тинҷию амниятро барқарор кард, роҳи фардояшро мунаввар сохт ва дар миқёси умумиҷаҳонӣ мақому манзалати хосса пайдо намуд, оламиён ангушти ҳайрат мегазанд. Зеро таърихи башар ин гуна анҷоми бобарори бӯҳрони сиёсиро дар ягон манотиқи курраи арз ҳаргиз дар хотир надорад.

Тазаккур дод, ки барои мустаҳкам гардидани Истиқлолият лаҳзаҳои таърихие рух доданд, ки тақдирсоз гардида, онро ба маҷрои созандагиву бунёдкорӣ ворид намуданд.

Чунин лаҳзаҳои муҳими таърихӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистон ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шумор меравад.

Месазад, ки ҳамаи инро дастоварди бемисоли таърихӣ маънидод кунем, ки меҳвари беқиёси он ба иродаи матини халқи бунёдкори мо ва ба номи сарвари оқилу хирадмандаш, раҳнамои фардои дурахшонаш Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст.

Мардуми муташаккири Хуҷанд чун кулли тоҷикону тоҷикистониён бо дастгирӣ аз сиёсати ояндасози Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ намунаи баланди ватандӯстӣ нишон медиҳанд, бо заҳматҳои ҳамарӯзаи худ саҳмгузори рушду нумӯъ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз, фардои дурахшони сарзамини офтобии мо мегарданд.

Ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода идомаи пайгиронаи сиёсати сарвари давлат мебошад, ки он дар ободкорию сиёсати созандагии қаламрави вилоятамон сарчашма мегирад.

Ба нишонаи садоқат ба анъанаҳои аҷдодӣ сарбаландамон дар доираи маъракаи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шудани иншоотҳои мӯҳташами варзишӣ, маъмурию хизматрасонӣ ба ҳусни шаҳри бостонии Хуҷанд ҳусни нав зам намуданд. Алҳол бошад дар шаҳр раванди сохтмони мактаб ва кӯдакистони инноватсионии президентӣ бо сифати баланд дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳамаи ин дастовардҳо шаҳодати равшани ватандӯстии сокинон ва аз фарҳанги волои шаҳрдорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Бо камоли эҳтиром ва самимияти том Шумоён, ҳамшаҳриёни азизро бо ҷашни 22-юм солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрику муборакбод менамоям.

Ба ҳар яки Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати зиндагӣ, рӯзҳои осоиштаю пурбаракат, дар фаъолияти пурмаҳсулатон баҳри саҳмгузорӣ ва устувории пояҳои Истиқлол муваффақиятҳои нав ба нав орзу мекунам.

Бигзор нури ҷонбахши офтоби Истиқлол ҷовидон рӯҳафзои мо бошад!

Идатон муборак бод!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                             Каримов Р.А.