(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар Маркази фарҳанги  шаҳри Хуҷанд  вохури бо имомхатибон, раисони маҳллаҳо, фаъолон ва зиёиён  ширкат баргузор гардид

Дар Маркази фарҳанги  шаҳри Хуҷанд  вохури бо имомхатибон, раисони маҳллаҳо, фаъолон ва зиёиён бо масъулини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази исломӣ ва бахши танзими анъана ва расму оинҳо баргузор гардид.

Дар вохури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуда, доири мақсади ин вохури сухани ифтитоҳӣ намуд.

Баъдан Завқибек Солиев сардари  Раёсати Иттиҳодияҳои дини Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баромадаш доир ба масъалаҳои  вобаста ба терроризм, гиромӣ доштани арзишҳои диниву фарҳангӣ ва ба ҳам муқобил нагузоштани онҳо, ки дар мамлакатҳои араб ин ҳолат боиси низоъ ва муборизаҳои мазҳабӣ, инчунин сабаби нооромиҳо ва хунрезиҳо гаштааст, сухан гуфт. У ҳамчунин дар бораи тоза нигаҳ доштани мазҳаб ва таини маош барои имомхатибон изҳори андеша намуд. У баён кард, ки имруз дар кишвар 200 ҳазор нафар шаҳрвандон ҳоҷӣ шудаанд, ки дар 70 соли замони шуравӣ шумораи ҳоҷиён ҳамагӣ 29 нафарро ташкил медод.   Имруз бошад, бо шарофати озодии виҷдон ва дин шумораи масҷидҳо ба 4 ҳазор адад расидааст, ки аз ин 1079 масҷидҳо дар вилояти Суғд бунёд шудаанд. Танҳо дар давоми 7 моҳи соли равон 18 масҷидҳои нав сохта шудаанд, ки ин ҳама аз озодии дин дар кишвар шаҳодат медихад.

Саидаъзам Қодиров сармутахассиси шуъбаи дин ва танзими анъанав ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  гуфт, ки  бо шарофати қабули ин қонун дар кишвар то имруз 200 миллион доллар аз ҳисоби кам кардани хароҷотхо сарфа шудааст. Агар қабл аз қабули қонун аз мардум 75 намуди анъана маъракаҳояшонро мегузаронида бошанд, имруз он ба 15 намуд фарорварда шудааст.

Маликали Музаффар мутахассиси пешбари Маркази исломшиносӣ низ фикру андешаҳояшро роҷеъ ба мавзӯъҳои мазкур баён дошт. Абдулҳаким Шарифов мудири шӯъбаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд гуфт, ки танҳо дар шаби қиёмуллайл 4 имомхатиб дар мавриди ташкили хурок дар масҷидҳои шаҳри Хуҷанд 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ин дар ҳолест, ки пухтани хурок дар масҷид манъ карда шудаас Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода раиси Шурои уламои дини вилояти Суғд таъкид кард, ки  натиҷаи  мулоқоти Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон  ва ходимони дин масъулияти моро бештар намояд. Дар интиҳо чанде аз  иштирокдорони ҷаласа дастгирии ва хамрайии худро  дар самти даъвати мардум барои ободкорӣ ва ваҳдати миллӣ изҳор  намуданд.